Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии КДАМ

05.01.2017 09:32, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд ба ҳузур пазируфт.

Тағиротҳо дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд.

Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъин гардиданд.

Дар Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор тағироти кадрӣ сурат гирифт. Сардорони Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Дар дастгоҳи марказии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои нав таъингардида доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар идомаи сӯҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо бори дигар барои хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати давлату халқи Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520