4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Фармонро "Дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расонид.
Тибқи Фармони мазкур барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати намунавии давлатию ҷамъиятӣ ва фаъолияти босамар ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо дар арафаи ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатӣ гурӯҳи калони намояндагони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.