19 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ялта дар саммити ИДМ, ки кори худро аз ҷаласаи пӯшидаи Сарони давлатҳо оғоз намуд иштирок кард. Баъд кори саммит дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Диққати асосии иштирокчиёни он ба пешниҳодот оид ба инкишофи ҳамгироии давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи иқтисодӣ нигаронда шуд.
Дар ҷамъбасти кори саммити ИДМ Изҳорот ва қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо, ҳамчунин як қатор дигар санадҳои муҳим қабул карда шуданд.