Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия"

04.11.2003 15:00, шаҳри Душанбе

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармонро "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия" ба имзо расонид.

Фармон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани ҳавасмандкунии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи Фармони мазкур аз 1 январи соли 2004 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 7 сомонӣ дар як моҳ муқарар, маоши вазифавӣ ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузори мешаванд (аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти идораҳои қудратӣ), андозаи ҷории стипендияҳо ва нафақаи меҳнатии нафақахӯрон ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520