Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.11.2003 11:00, шаҳри Душанбе

14 ноябр дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар сатҳи оли доир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳозираи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон мусоҳибон зикр намуданд, ки пастшавии гардиши мол байни ду кишвар дар шароити вуҷуд доштани захираҳои зиёд, барои ҷоннок намудани ҳамкории иқтисодӣ боиси ташвиш аст. Дар ин робита ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки тавсеаи ин ҳамкориро ба таври мушаххас баррасӣ намуданд.

Зимни музокирот оид ба масъалаҳои Афғонистон ва Ироқ ҳамчунин мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ диққати калон дода шуд.

Баъд аз анҷоми музокирот маросими имзо намудани санадҳои дуҷониба ва нишасти матбуотии якҷояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи баргузор гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520