25 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Арманистон шаҳри Ереван омад.
Худи ҳамин рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Арманистон Роберт Кочерян доир гардид.
Сарони ду давлат оид ба масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни музокирот ба ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ диққати махсус дода шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои байналмилалӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки терроризм, ҷинояткории муташакилонаи трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ хатари ҷиддӣ барои сулҳ, амният ва субот мебошанд. Дар робита сарони ду кишвар ба фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳои баланд доданд.
Баъди анҷоми музокирот як силсила санадҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.