Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 - 2014"

02.12.2003 15:00, шаҳри Душанбе

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 - 2014" ба имзо расонид.

Қарор бо мақсади татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 №1047 "Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расонида шуд.

Тибқи Қарори мазкур Барномаи давлатии "Такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 - 2014" тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи Қарор вазорату идораҳо, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гаштанд, ки бо ҷалби сохторҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ барои иҷрои вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда тадбирҳо андешанд.

Инчунин, тибқи Қарори мазкур Вазорати фарҳанг бобати чопи босифати китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ, Вазорати маориф, Академияи илмҳо доир ба тайёр ва таъмин намудани кадрҳои илмию педагогӣ, Кумитаи телевизион ва радио барои такмил бахшидани барномаҳо бо забонҳои русию англисӣ вазифадор гаштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520