Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Сенати Конгресси ИМА бо сарварии Ҷозеф Либерман ва Ҷон Маккейн

07.01.2002 14:00, шаҳри Душанбе

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Сенати Конгресси ИМА-ро бо сарварии Ҷозеф Либерман ва Ҷон Маккейн ба ҳузур пазируфт.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои минтақавию байналмилалии муҳим мусоҳибон ба дурнамои ҳалли қазияи Афғонистон диққати махсус доданд. Ҳамчунин мавзӯи ҳамгироии Тоҷикистону Амрико дар доираи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат кардан ба ташаккули Афғонистони осуда ва расондани кӯмаки башардӯстона ба мардуми он баррасӣ гардиданд.

Дар робита бо муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ҷиҳати мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, хатари маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии муосир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирнопазирии мавқеи Тоҷикистонро нисбати ҳамгироӣ бо кишварҳои эътилофи зиддитеррористии байналмилалӣ таъкид намуд.

Мусоҳибон ҳамчунин ҳолат ва имкониятҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун муҳокима карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520