Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати намояндагони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия бо сарварии Раиси он Геннадий Селезнев

11.01.2002 16:00, шаҳри Душанбе

11 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати намояндагони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россияро бо сарварии Раиси он Геннадий Селезнев ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат муҳокимаи муфассали ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба аз нуктаи назари татбиқи созишномаҳои қаблан ба имзо расида ва роҳҳои истифода бурдани имкониятҳои фаъол намудани ҳамкории муттақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ ба мавзӯъҳои ҳамкории иқтисодӣ диққати махсус дода шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои минтақаро бо назардошти вазъи Афғонистон ва дурнамои ҳалли мушкилиҳои он баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520