15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътиборномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аманжол Жанқулиевро қабул кард.
Баъди маросими супоридани эътиборнома зимни сӯҳбат мусоҳибон масъалаҳои ҳамгироии Тоҷикистону Қазоқистонро дар самтҳои гуногун, ҳамчунин дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба муборизаи муштарак зидди қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм мубодилаи афкор доир гардид.