Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.01.2002 17:00, шаҳри Душанбе

24 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуд, ки дар давоми соли 2001 дар доираи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ сохтани тадбирҳои марбут ба дигаргунсозиҳои сохтории иқтисодиёт, такмили сиёсати пулу қарз ва андозу буҷет, системаи идораи давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давом дода шуд. Дар натиҷа соли 2001 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2000-ум 10,2 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 14,8 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 11,0 фоиз афзуд.

Ба маблағи 152,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли 2000-ум ду маротиба зиёд мебошад.

Муомилоти савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2000-ум 91 фоизро ташкил дод. Муомилоти савдои хориҷӣ бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ паст гардидани нархи алюминий ва нахи пахта хеле коҳиш ёфт. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавии пул дар соҳаи истеъмолӣ 1,04 фоизро ташкил дод. Маоши миёнаи моҳона 13,8 фоиз афзуд.

Қисми даромади буҷети давлат соли 2001 ба андозаи 107,8 фоиз иҷро шуд. Вале аз 17 навъи андоз аз рӯи 4 навъи он нақшаҳои солона пурра иҷро нашудаанд. Ин андози замин аз шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз фурӯш, андози берунӣ аз истифодаи роҳҳои мошингард ва аксизҳо мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷараёни ислоҳоти иқтисодии мамлакатро амиқ таҳлил намуда, роҳҳои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда, инчунин вазифаҳои тараққиёти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, иҷтимоию фарҳанг, тартиботу қонуният, амнияти миллӣ ва фаъолияти берунии сиёсиро муайян намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520