Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

07.02.2002 15:00, шаҳри Душанбе

7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои масъули соҳаи сохтмони мамлакат машварат гузаронд.

Қайд карда шуд, ки сохтмон яке аз соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, 368 ташкилот ва муассисаи бинокориро дарбар мегирад. Аз ин ҷумла, 174 ташкилоту муассисаи сохтмонӣ ба сектори давлатӣ тааллуқ дорад.

Ба ақидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъияти соҳаи сохтмон ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад, дар фаъолияти ташкилотҳои бинокорӣ навигарӣ ба назар намерасад, барои такмили кор ва истифодаи усулҳои бозорӣ дар соҳа чорае андешида намешавад. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки роҳбарон ва кормандони соҳаи сохтмони мамлакат дар тараққиёти босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии он саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520