16 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи "Рустам ва Суҳроб"- и Т.Сатторовро, ки аз рӯи либреттои шоир Низом Қосим рӯи саҳна омадааст, тамошо карданд.
Дар хатми намоишнома Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон офарандагони онро табрику шодбош гуфта, изҳор дошт, ки роҳбарияти давлату ҳукумат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ки барои ҳунармандон шароитҳои хуби эҷодиву корӣ муҳайё карда шавад.