Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои демографӣ, танзими оила ва рушди устувор

20.02.2002 12:00, шаҳри Душанбе

20 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба масъалаҳои демографӣ, танзими оила ва рушди устувор машварати ҷумҳуриявӣ гузаронд, ки дар он аъзои Ҳукумат, вакилони парлумони ҷумҳурӣ, раисони кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, кормандони масъул ва мутахассисони корхонаю ташкилот, муассисаҳо, намояндагони аҳли ҷамъият ва ташкилотҳои динӣ иштирок намуданд.

Сардори давлат зимни суханрониаш изҳор намуд, ки проблемаҳои демографӣ, масъалаҳои нуфус ва таваллуд на танҳо дар радифи проблемаҳои умумибашарӣ қарор доранд, балки онҳо дар саросари қитъаи Осиё, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ сол то сол ҷиддитар эҳсос мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нутқи барномавии худ самтҳои асосии сиёсати демографӣ, танзими оила ва рушди устувори мамлакат дар заминаи проблемаҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷумҳуриро таҳлил намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520