21 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гектор Коуанро қабул кард.
Зимни мулоқоти баъди анҷоми маросими расмӣ доиргардида Сарвари давлати Тоҷикистон ва сафири Канада ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро байни Тоҷикистон ва Канада, ҳамчунин масъалаҳои минтақавии рӯзмарраро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо наздикии калони мавқеъҳои ҳарду давлатро нисбати баъзе ҷиҳатҳои муҳимми проблемаҳои барқарорсозии баъдинизоии Афғонистон ошкор намуданд.