26 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронд. Дар маҷлис лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маъқул дониста, ба муҳокимаи парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин Созишномаи тартиби таъсис ва фаъолияти филиалҳои мактабҳои олӣ дар давлатҳои ИДМ ва Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Давлати Исломии Афғонистон ва созмони "Докус - кӯмаки хайрия" дар бораи ҳамкорӣ дар сохтмони кӯпрукҳои дарёи Панҷ тасдиқ шуда, силсилаи ҳуҷҷатҳои дигар қабул гардиданд.