Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саммити сарони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

28.02.2002 18:00, Қазоқистон

28 феврал дар Алмаато дар Қасри Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон саммити сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

Рӯзномаи саммит мулоқоти Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Аскар Акаев ва Ислом Каримовро оид ба вазъи минтақа ва ҳолату дурнамои ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва имзо кардани санадҳои муштаракро дар бар гирифт.

Бо мақсади ҷоннок намудани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию савдо, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ роҳбарони чор кишвар қарорро дар бораи табдил ёфтани Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ ба созмони "Ҳамкории Осиёи Марказӣ" гирифтанд.

Зимни баррасии вазъи байналмилалии имрӯза сарони давлатҳо зарурати нигоҳ доштани субот ва тавозуни геополитикиро дар минтақа ва амалҳои мувофиқа кардашудаи давлатҳои мо таъкид карданд.

Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳамкории иқтисодӣ, ташаккули минтақаҳои савдои озод, такмили инфраструктураи нақлиёт ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиро муҳокима намуданд.

Баъд аз анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Аскар Акаев ва Ислом Каримов Аҳдномаро дар бораи таъсиси созмони "Ҳамкории Осиёи Марказӣ" имзо карда, Низомномаро дар бораи ҳамоҳангсозони миллии ҲОМ тасдиқ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520