18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби раиси Бонки Осиёии Рушд Ҷозеф Эйхенбергерро ба ҳузур пазируфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон на танҳо аз идома, балки аз тақвияти ҳамкории худ бо БОР манфиатдор аст.
Ҷозеф Эйхенберг дар навбати худ таъкид кард, ки БОР ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дастгирӣ мекунад.