Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон

09.04.2002 16:00, Қазоқистон

8 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Алмаато дар Саммити иқтисодии Аврупою Осиё таҳти унвони умуми "Аврупою Осиё - 2002: Таъмини рушди устувор дар замони ғайриустувор" ширкат варзид.

Ҷаласаи ифтитоҳии саммит таҳти раёсати раис ва муассиси Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Клаус Шваб оғоз ёфт.

Дар ҷаласаи саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбайҷон Яқуб Эюбов сухан ронданд. Роҳбарони давлатҳои минтақа натиҷаҳои асосии мулоқоти солонаи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодиро дар шаҳри Ню-Йорк бо назардошти аҳамияти он барои ояндаи Аврупою Осиё баррасӣ намуданд. Дар муҳокима Сарвазири Украина Анатолий Кинах, раиси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Жан Лемер, раиси Бонки Ҷаҳонӣ Ҷеймс Вулфенсон иштирок намуданд.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати бисёрҷониба бо иштироки раиси Бонки Ҷаҳонӣ ва сарони давлатҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзид.

Баъд аз ин мулоқотҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Аскар Акаев ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ҳамчунин бо вазири давлатии Туркия Решат Догру доир гардиданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби генералии САҲА Ян Кубиш масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА муҳокима гардиданд. Дар доираи мубодилаи афкор диққати асосӣ ба проблемаҳои минтақа равона гардид.

9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Алмаато бо соҳибкори туркӣ Меҳмет Назиф Гунал, раиси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Жан Лемер ва ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Ориф мулоқотҳо анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси БАТР Жан Лемер рафти татбиқи амалии лоиҳаҳои бонки мазкур дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни сӯҳбати худ бо ноиби аввали Президенти ҶИЭ Сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаҳои рӯзмарраи инкишофи ҳамкории иқтисодии ду кишвар диққати махсус дод. Ҷонибҳо ҳамчунин рафти омодагӣ ба сафари расмии дар пеш истодаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Хотамиро ба Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520