16 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод омада, бо фаъолияти хоҷагиҳои "Зафар" ва ба номи "Сатторов" ошно гардид.
Дар ҷараёни сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи наврасон дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 1 бо устодону шогирдон мулоқот кард ва хабар дод, ки аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти ҷумҳурӣ як синфхонаро бо навтарин компютеру воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз мегардонад.