22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал сухан ронд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намуд, ки хатари афзудани фарқи миёни давлатҳои бой ва камбағал дар миқёси ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, ки ҳосили он афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ ва аз назорат берун мондани он аст.
Инчунин ба проблемаҳои азхудкунии захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама, захираҳои обӣ, коммуникатсия, интиқоли бемамониати мол, қувваи корӣ ва сармоя дахл намуда, таъкид кард, ки бе ҳалли онҳо пешрафти кишварҳои минтақаи мо аз имкон берун аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки мо ба ҳадафи олии худ - сохтмони давлати демократӣ ва ишғол намудани мақоми сазовор дар миёни кишварҳои пешрафта ҳамон вақт ноил мегардем, ки дар дили ҳар фарди Тоҷикистон меҳри Ватан, миллат, ифтихор аз давлати худ ва умеди тоза ба фардои нек маъво гирад.