Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Кофарниҳон

25.04.2002 18:00, шаҳри Ваҳдат

25 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба ноҳияи Кофарниҳон рафт.

Сардори давлат ва ҳамроҳонашро собиқадорони ҷангу меҳнат, толибилмон ва сокинони хоҷагии ба номи "Баҳор" самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати гарму ҷӯшон бо собиқадорони ҷангу меҳнат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ҷамъиятию сиёсии мамлакат сухан ронда, ҳамзамон паҳлӯҳои асосии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ дод.

Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои ба номи Ленин ва "Гулистон" омада, бо фаъолияти заҳматкашони онҳо аз наздик ошно гардид.

Масоили демографӣ, ҳифзи сиҳатии омма, танзими оила, расму оинҳо, бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани ҷавонон, мубориза бар зидди нашъамандӣ, болоравии сатҳи зиндагӣ аз ҷониби ҳозирин бо дастгирии баланд пазируфта шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба литсеи техникии ба номи Темур Собиров омада, бо устодону толибилмон перомуни шарту шароитҳои таҳсил, таълиму тарбия, зисту зиндагии онҳо сӯҳбат намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи Ҳукумат дар назди фаъолони ноҳия хулосаҳои худро оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, нишондиҳандаҳои хоҷагиву ташкилотҳо ва фаъолияти мақомоти давлатии ноҳияи Кофарниҳон баён намуд.

Сардори давлат хотиррасон кард, ки аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди "Минтақаи истироҳату табобат ва туризм эълон кардани дараи Ромит" беш аз якуним сол гузашта бошад ҳам, корҳо дар ин самт беҳбудӣ мехоҳанд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдор бояд тадбирҳои фаврӣ андешанд ва иҷрои ҳатмии ин қарорро таъмин созанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520