30 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аз вазифаи директори Комбинати маъдантозакунии Адрасмон озод намудани Файзуллоев М." имзо кард. Файзуллоев М. барои камбудиҳои ҷиддӣ дар роҳбарии корхона, таъмини номатлуби идоракунии кор, ки боиси паст рафтани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ гардиданд, аз вазифа озод карда шуд.