Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

10.05.2002 14:00, шаҳри Душанбе

10 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор Қонунҳои муҳиму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расонд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ҳолати ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни он, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ҷамъиятро муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" муносибатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар марҳалаҳои маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолот, боркашонӣ, нигоҳдорӣ, муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, маводу маснуот ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи борбандӣ ва ёрирасон дар байни истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва истеъмолкунанда бо мақсади таъмини ҳатмии амалигардонии ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барои харидани маҳсулоти хурокворӣ, мавод ва маснуоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бо сифат ва барои ҳаёт ва саломатӣ бехатарро муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иттилоот таҳким бахшида, ба асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ замина мегузорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алоқаи барқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқӣ истифода мебаранд, муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меояд, танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қоидаҳои умумии ҳимоя ва дастгирии давлатӣ, инкишофи озоди соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шаклу усулҳои ҳавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ" ба мақсади такмил ва ташкили идоракунии давлатӣ дар соҳаи роҳдорӣ, барои тараққӣ додани шабакаҳои роҳҳои автомобилгард ва беҳтар кардани истифодаи он бо мақсади таъмини зарурати аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагӣ ҷиҳати интиқоли мусофирон ва борҳо равона гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" асосҳои ба кор бурдани ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои хуқуқиро, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба амал меоянд, муқаррар менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" 19 марти соли 2002 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 23 апрели соли 2002 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 34 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии ташкилу фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" 13 феврали соли 2002 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 23 апрели соли 2002 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни номбурда аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян ва кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳоро муқаррар мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520