15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломи Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сармадӣ Порсоро қабул кард.
Баъд аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сӯҳбати пурмазмун оид ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доир гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба вазъи минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкор карданд. Дар ин робита қайд карда шуд, ки таҳкими ҳамкории ду кишвар дар самти таъмини амнияти минтақавӣ ба манфиатҳои миллии ҳарду кишвар ва халқ ҷавобгӯ аст.