Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

17.05.2002 18:00, Чин

17 май дар Пекин музокироти Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат бо Раиси ҶМЧ Тсзян Тсзэмин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба инкишофи муносибатҳои дӯстона бо Чин аҳамияти бузург медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки ҷонибҳо тавонистанд, ки мушкилии сарҳадии дар минтақаи Помири Калон ҷойдоштаро ҳал кунанд. Мусоҳибон ба ақидаи ягона омаданд, ки бо ҳалли ниҳоии ин мушкилот заминаи нави инкишофи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ба вуҷуд меояд. Зимни музокирот ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор доир гардид.

Баъди анҷоми музокирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҶМЧ Тсзян Тсзэмин Созишномаи иловагии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМЧ оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин ва Эъломияи Муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМЧ-ро ба имзо расониданд.

Худи ҳамин рӯз мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Нахуствазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Чжу Жунсзи ва раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ Ли Пен баргузор гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520