25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлат зикр намуд, ки асри ХХ1 барои инсоният асри илму техника ва кашфиётҳои бузургтарини ақлу хирад хоҳад шуд. Пойдевори бо раванди пурталотуми инқилоби бузурги илмӣ ва ҷустуҷӯйҳои интеллектуалӣ баробар қадам задани наслҳои ояндаро бояд аз ҳозир гузорем. Бо такя ба ақлу хирад ва тамаддуни пешрафтаи башарӣ метавонем давлату миллати худро ба қатори давлату миллатҳои пешрафтаи олам ҷой диҳем ва аз волотарин дастовардҳои илму техника баҳравар гардем, - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.