27.05.2002 10:00, шаҳри Душанбе
27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Дания дар Тоҷикистон Ларс Виссингро қабул кард. Зимни сӯҳбат Сардори давлат ва сафири нав масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври васеъ муҳокима карданд.