Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

23.12.2016 17:41

Созмони Милали Мутаҳид
Маҷмаи Умумии СММ

Ҷаласаи 71-ум
Кумитаи дуюм
Банди 19 (а) рӯзномаи маҷлис
Рушди устувор: татбиқи Рӯзномаи маҷлис дар асри 21,
Барномаҳои амал оид ба татбиқи минбаъда
Рӯзномаи маҷлис дар асри 21 ва ҳалли вохӯриҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба рушди устувор ва конфронсҳои СММ оид ба рушди устувор

Австралия, Австрия, Озарбойҷон, Албания, Алҷазоир, Ангола, Антигуа ва Барбуда, Аргентина, Арманистон, Афғонистон, Ҷазираҳои Багам, Бангладеш, Беларус, Белиз, Боливия (Давлати сермиллат), Босния ва Гертсеговина, Бразилия, Буркина-Фасо, Бурунди, Бутан, Ҷумҳурии собиқ югославии Македония, Вануату, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла, Ветнам, Гайана, Ҳайити, Гамбия, Гана, Гватемал, Гвинея-Бисау, Олмон, Гондурас, Гренада, Юнон, Гурҷистон, Дания, Ҷибути, Замбия, Зимбабве, Яман, Ҳиндустон, Индонезия, Урдун, Ироқ, Эрон (Ҷумҳурии исломӣ), Испания, Италия, Кабо-Верде, Қазоқистон, Камбоҷа, Камерун, Канада, Қатар, Кения, Кипр, Кирибати, Колумбия, Ҷазираҳои Комор, Конго, Коста-Рика, Кот-д,Ивуар, Куба, Кувайт, Қирғизистон, Латвия, Лесото, Либерия, Лубнон, Либия, Латвия, Маврикий, Мавритания, Мадагаскар, Малави, Малайзия, Ҷазираҳои Малдив, Малта, Марокаш, Ҷазираҳои Маршал, Мексика, Микронезия (Иёлоти федеролӣ), Мозамбик, Муғулистон, Мянма, Намибия, Науру, Непал, Нигер, Нигерия, Ҳоланд, Никарагуа, Зеландия Нав, Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания, Аморати Муттаҳидаи Араб, Оман, Покистон, Палау, Панама, Папуа-Гвинеяи Нав, Парагвай, Перу, Полша, Португалия, Ҷумҳурии Молдова, Руанда, Салвадор, Самоа, Арабистони Саудӣ, Свазиленд, Сенегал, Сент-Винсент ва Гренадин, Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Сербия, Сингапур, Ҷумҳурии Арабии Сурия, Словакия, Словения, Сомали, Судон, Суринам, Серра-Леон, Тоҷикистон, Таиланд, Того, Тонго, Тувалу, Тунис, Туркманистон, Туркия, Уганда, Украина, Уругвай, Фидҷӣ, Филиппин, Хорватия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чад, Черногория, Чили, Шветсия, Шри-Ланка, Эквадор, Гвинеяи экваториалӣ, Эритрея, Эфиопия, Африқои Ҷанубӣ, Судони Ҷанубӣ, Ямайка: лоиҳаи қатънома

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Маҷмаи Умумии СММ,

бо такя ба қатъномаҳои худ таҳти рақамҳои 47/193 аз 22 декабри соли 1992 оид ба баргузории Рӯзи захираҳоиҷаҳонии об, 55/196 аз 20 декабри соли 2000, ки тибқи он соли 2003-ро – Соли байналмилалии оби тоза эълон кард, 58/217 аз 23 декабри соли 2003, ки мувофиқи он давраи солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд, 61/192 аз 20 декабри соли 2006, ки тибқи он соли 2008-ро – Соли байналмилалии беҳдошт эълон кард, 65/154 аз 20 декабри соли 2010, ки мувофиқи он соли 2013-ро – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намуд ва 67/204 аз 21 декабри соли 2012 оид ба баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар соли 2013,

инчунин бо такя ба қатъномаҳои худ таҳти рақамҳои 64/198 аз 21 декабри соли 2009 оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи рафти баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва 69/215 аз 19 декабри соли 2014, ки тибқи он баргузории шарҳи ҳамаҷонибаи пешравие, ки зимни Даҳсолаи баргузоршуда ба мувофиқа расид ва минбаъд низ дар сатҳи байналмилалӣ андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои марбут ба соҳаи об дархост карда шуд,

баъдан бо такя ба қатъномаҳо худ таҳти рақамҳои 68/157 аз 18 декабри соли 2013 оид ба ҳуқуқи инсон ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт ва ба қатъномаи дахлдори Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қатъномаҳо таҳти рақамҳои 24/18 аз 27 сентябри соли 2013[1]ва 27/7 аз 25 сентябри соли 2014[2]

бори дигар бо тасдиқи қатъномаи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ таҳти рақами 1980/67 аз 25 июли соли 1980 оид ба солҳо ва солгардҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Маҷмаи Умумӣ таҳти рақамҳои 53/199 аз 15 декабри соли 1998 ва 61/185 аз 20 декабри соли 2006 оид ба эълон намудани солҳои байналмилалӣ,

бо такя ба қатъномаҳои худ таҳти рақамҳои 70/1 аз 25 сентябри соли 2015 таҳти унвони «Табдил додани ҷаҳони мо: Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» ва 70/299 аз 29 июли соли 2016 оид ба фаъолияти минбаъда дар робита ба Рӯзнома барои то соли 2030 ва шарҳи рафти татбиқи он дар сатҳи ҷаҳонӣ,

бо тасдиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рушдидар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба манбаъҳои об, аз ҷумла онҳое, ки дар Рӯзномаи рущди устувор барои то соли 2030 дарҷ гардидаанд ва азми қавӣ барои расидан ба ҳадафи таъмини дастрасӣ ва истифодаи босамари захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама,

инчунин бо тасдиқи он ки барномаи Аддис-Абебавии амали Конфронси байналмилалии сеюм оид ба маблағгузории рушд[3]қисми таркибии Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030 мебошад ва амалигардии пурраи барномаи амали Аддис-Абеба дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор аҳамияти муҳим дорад,

бо таъкиди махсуси он, ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан заруранд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиидар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд,

бо нигаронии амиқи он, ки шаҳришавӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбонишавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад,

бо нигаронии он, ки хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд,

бо дарназардошти муҳимияти ҳамкорӣ ва шарокати амиқ дар ҳамаи сатҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла дар Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 дарҷгардида,

бо роҳнамоии санадҳои ниҳоии КонференсияиСозмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор[4], ки дар он ҷонибдории гузаронидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 махсус таъкид шудааст,

бо дарназардошти он, ки ҳадафи 6-уми рушди устувор ва вазифаҳои бо он алоқаманд чун пештара асосан дар чорчӯбаи барномаи кории Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ боқӣ мемонанд,

бо таъкиди кӯшишҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва ибтикороти шарикиро доир ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, инчунин тавсияҳои зиёде аз рӯи натиҷаҳои чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба таъмини об ва масъалаҳои гидрологӣ бо мақсади қабули чораҳои мушаххас, ки барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳоиманбаъҳои обии дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда ва дар Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 дарҷгардида равона шудаанд,

инчунин бо таъкиди Гурӯҳи сатҳи баланд доир ба манбаъҳои обии таъсисдодаи Котиби кулл ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ, бо умеди он ки кори он ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои таъмини об ва беҳдошт мусоидат мекунад,

гузориш оид ба рушди захираҳои ҷаҳонии обро, ки аз тарафи сохторҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Мутаҳид дар якҷоягӣ омода карда мешавад, аз ҷумла маърӯзаи омодашударо таҳти унвони «Water for a Sustainable World» («Об барои рушди ҷаҳон»), гузориши Конфересияи байналмилалии соли 2015 Механизми «СММ – захираҳои об» дар Сарагоса дар мавзӯи «Water and Sustainable Development: From Vision to Action» («Об ва рушди устувор: аз консепсия ба амал»), тавсияҳои Механизми «СММ – захираҳои об» доир ба воситаҳои амалигардонии ҳадафҳо дар бахши рушди устувор, вобаста ба захираҳои об ва гузориши Шурои машваратии Котиботи гунералӣ оид ба захираҳои об ва санитарияро омӯхта,

санадҳои ҷамъбастӣ ва Декларатсияи қабулнамудаи вазиронро дар Форуми байналмилалии об, ки рӯзҳои 12-17 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгу, музофоти Кёнсан-Пуктои Ҷумҳурии Корея баргузор шуда буд, ба назар гирифта,

ҳамчунин, натиҷаҳои Муколамаи интерактивии сатҳи баландро дар ҷараёни сессияи 69-уми Маҷмаи Умумӣ, ки 30 марти соли 2015 баргузор шуда буд, Декларатсияи қабулшударо дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), ки рӯзҳои 9-10 июни соли 2015 дар Душанбе[5] гузашта буд ва Даъват ба амалро, ки дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳадаф ва вазифаҳо дар бахши рушди устувор: расидан ба дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт» қабулшуда, Симпозиуми мазкур рӯзҳои 9-10 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор шуда буд, ба назар гирифта,
гузориши Дабири куллро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва талошҳои минбаъдаро барои таъмини азхудкунии устувори захираҳои об ба маълумот мегирад[6];
чорабиниҳои ба захираҳои об бахшидашударо, ки аз тарафи давлатҳои аъзо, Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои таркибии он, аз ҷумла аз тарафи фаъолиятҳои байнимуассисавӣ гузаронида шудаанд, ҳамчунин саҳми гурӯҳҳои асосиро дар гузаронидани Соли байналмилалии беҳдошт (соли 2008), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) бо қаноатмандӣ зикр карда;
давраи солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон мекунад, ки Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, яъне 22 марти соли 2018 оғоз ёфта, дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об — 22 марти соли 2018 анҷом меёбад;
қарор мекунад, ки ҳадафи Даҳсола бояд таваҷҷуҳи зиёд ба рушди устувор ва идораи маҷмӯии захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо, амалигардонӣ ва тарғиби барнома ва лоиҳаҳои мувофиқ, ҳамчунин васеъ кардани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат кардан ба татбиқ шудани ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар бахши рушд, ки ба захираҳои об вобаста аст, аз ҷумла дар Рӯзномаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 нишондодашуда равона карда шавад[7].
қарор мекунад, ки расидан ба ин ҳадафҳо бояд аз ҳисоби мукаммалгардонии истеҳсолот ва паҳн кардани дониш, осон намудани дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави марбут ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои обӣ, амалисозии фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ташкили шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаъолияти субъектҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор вобаста ба захираҳои обӣ, бо назардошти ташаббусҳои мавҷуда, инчунин таҳкими фаолияти коммуникатсионӣ дар сатҳои гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ таъмин гарданд;
муҳимияти иштироки ҳамаҷониба дар баргузории Даҳсола дар тамоми сатҳҳои ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла бо шумули занон, кӯдакон, пиронсолон, маъюбон, мардуими таҳҷоӣ ва ҷомеаҳои маҳаллиро таъкид мекунад;
ба Дабири кулл пешниҳод менамояд, ки дар ин самт барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи Даҳсола дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва кишварӣ, бо дарназардошти натиҷаҳои баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, кори ҳамоиши сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор ва дигар сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид тадбирҳо андешад:
зарурати иқдомҳои минбаъда барои амалӣ намудани тадбирҳо дар бахши сафарбарнамоии захираҳои молиявӣ, интиқоли технологияи аз лиҳози экологӣ бехатар бо назардошти шароити мувофиқашуда ва таҳкими иқтидор дар соҳаи роҳбарӣ ва идораи захираҳои обӣ дар сатҳи маҳалӣ, миллӣ ва минтақавиро махсус таъкид менамояд,
ба Дабири кулл тавсия медиҳад, ки минбаъд низ талошҳоро оид ба мусоидат ба сафарбарнамоии захираҳои молиявӣ ва кумакҳои техникии муътадил ва пешгӯишаванда ва оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва пурра фаъол гардидани захираҳои молиявии мавҷудаи байналмилалӣ барои татбиқи самараноки ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об идома диҳад.
тавсия медиҳад, ки дар шароити мусоид ва мувофиқашуда ба кишварҳои рушдкунанда технологияҳои аз лиҳози экологӣ бехатар таҳия, паҳн ва интиқол карда шуда, ҳамкории байналмилалӣ фаъол гардад ва ҳамгироӣ дар бахшҳои илм, тадқиқот, техникию инноватсия, аз ҷумла дар самти шарикии давлату бахши хусусӣ ва шарикӣ бо иштироки аксарияти тарафҳои манфиатдор;
аз Котиби генералӣ дархост кард, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар доираи Даҳсола бо истифода аз захираҳои Раёсати оид ба масоили иқтисодию иҷтимоии Котибот ва бунёди пардохти ихтиёрӣ барои пурра кардани фаъолияти Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба захираҳо об ва Механизми «СММ-захираҳои об» амалӣ намоянд;
қарор қабул кард, ки шарҳи баргузории Даҳсоларо дар доираи чор сол дар мувофиқа бо силсила ҷаласаҳои тафсирии сиёсии форуми сатҳӣ баланд оид ба рушди устувор баргузор намоянд;
аз Дабири кулл дархост кард, ки дар чор сол як маротиба дар доираи ҷаласаҳои дахлдори тафсирии форуми сиёсии сатҳи баланд доир ба фаъолияти баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, барои истифода ҳангоми омода намудани маърӯзаҳои навбатӣ оид ба рушди устувор пешниҳод намоянд.
аз давлатҳои аъзо, мақомоти дахлдор ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Миллали Муттаҳид, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар сохторҳои таркибии СММ, инчунин дигар шарикони дахлдор, аз ҷумла бахши хусусӣ даъват ба амал меорад, ки барои баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соли 2018-2028 мусоидат намуда, амалҳои мувофиқашударо бо истифода аз таконе, ки дар ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, барои ҷонибдории амалисозии Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030 амалӣ намоянд.

[1]Ниг. ба ҳисоботи Маҷмаи Умумӣ, ҷаласаи 68-ум, Иловаи №53А (А/68/53/Add.1), боби III.
[2]Ҳамонҷо, ҷаласаи 69-ум, Иловаи №53Аваислоҳоти (А/69/53/Add.1 ваCorr.1), бобиIV.
[3]Қатъномаи 69/313, замима.
[4]Қатъномаи 66/228, замима.
[5] Ниг. ба A/C.2/70/5, замима
[6] A/71/260.
[7] Қатъномаи 70/1

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520