3 июн дар ҳошияи Саммити аввали давлатҳои узви Машварат оид ба ҳамгироӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати интиқолии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати интиқолии Афғонистон Ҳомид Карзай ҷонибҳо ба вазъи Афғонистон дар марҳалаи ҳалкунандаи раванди сиёсии дохилии он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳомид Карзай бо хоҳиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти омодагӣ ба гузарондани Лойя Ҷирга иттилоъ дод. Ҷонибҳо ҳамчунин нақшаҳои тавсеаи заминаи нақлиётию коммуникатсионии ҳамкории минтақавиро бо истифодаи имкониятҳои қаламрави Афғонистон муҳокима карданд.