Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсзэмин

07.06.2002 14:00, Русия

7 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсзэмин мулоқоти дуҷониба дошт.

Зимни мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсзэмин ҷонибҳо таъкид карданд, ки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, шаклҳои гуногуни экстремизм ва ҷудоихоҳӣ шарти зарурии таъмини сулҳу субот дар Осиё ва хусусан минтақаи СҲШ мебошад.

Ҳамчунин зарурати таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба на танҳо дар таъмини амнияти минтақавӣ, балки дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия зикр карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520