Дар ҷараёни сӯҳбати дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Федератсияи Россия Сергей Иванов, Игор Иванов ва Борис Гризлов, ки шоми 7 июн дар қароргоҳи муваққатии Сарвари давлати Тоҷикистон дар Санкт-Петербуог доир гардид, мусоҳибон масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиди маводи мухаддирро муҳокима карданд.