ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон таъин намудани Имомназар Х.Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Имомназар Хоҷаназар Лутфулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 январи соли 2017
№825