26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суханронӣ намуд.
Сарвари давлат зикр намуд, ки имрӯз бо камоли ифтихор аз миллати хирадманди тоҷик гуфта метавонам, ки аҳли ҷомеаи кишвар даъвати моро ба сулҳу оштӣ хуб дарк кард, хуш пазируфт ва бо гармӣ ҷонибдорӣ намуд, яъне таъмини сулҳу субот пеш аз ҳама, хизмати худи халқи тоҷик аст.
"Мо - тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангсозу сулҳпарвар ҳастем, зиндагии осоишта, тарзи ҳаёти озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми ҳамешагии худ ҳисобида, ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравем", - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.