7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷиргатол омад.
Сарвари давлат дар ин ҷо бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Ҷиргатол" шинос шуд ва таъкид кард, ки дар зарфи чанд соли охир минтақаи мазкур дар соҳаи чорводорӣ ва зироаткорӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гашт.
Президенти ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо деҳқонони хоҷагӣ диққати ҳозиринро оид ба зиёд кардани ҳосилнокии замин, беҳтар истифода намудани тухмӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо техникаи ҳозиразамон маътуф намуд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо бинои меҳмонхона, ки дар маркази ноҳия бо технологияи навтарин сохта шудааст, шинос шуд.
Шоми 7-август баъди анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз водии Рашт ба Душанбе бозгашт.