30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ" имзо намуд.
Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ бо мақсади такмили фаъолияти хизмати давлатӣ, беҳтар гардондани тайёрӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда, ҳавасмандгардонии баландшавии дараҷаи касбӣ ва беҳдошти сифат ва самаранокии кор гузаронида мешавад.