1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону устодон ва донишҷӯёну хонандагонро ба ифтихори Рӯзи дониш ва фарорасии соли нави таҳсили 2002 - 2003 табрик намуд.
Дар паёми табрикии Сарвари давлат, аз ҷумла омадааст, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ба пешрафти соҳаи маориф, боло рафтани сатҳи дониш ва вусъати ҷаҳонбинии толибилмон кӯмак хоҳад расонд.