25 сентябр Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶМЧ дар Тоҷикистон У.Хунбинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти дӯстона мусоҳибон доираи васеи масъалаҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун муҳокима карданд. Тарафҳо ҳамчунин оид ба баъзе проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.