Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати селекторӣ

11.10.2002 15:00, шаҳри Душанбе

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат машварати селекторӣ доир намуд.

Машварат асосан ба баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 9 моҳи соли 2002-юм бахшида шуд ва ба воситаи алоқаи телефонӣ сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишварро дар 9 моҳи гузашта ҳамаҷониба таҳлил намуда, дастоварду пешравиҳоро хотирнишон карда, проблемаву норасоиҳоро ошкор сохта, роҳҳои минбаъдаи ҳалли онҳоро муайян кард.

Дар машварат ба истифодаи самараноки пилла, масъалаҳои марбут ба зотпарварӣ, тамокукорӣ ва ғайра дахл карда шуда, зикр гардид, ки аз соли нав дар чор ноҳияи ҷумҳурӣ таҷрибаи истифодаи андози ягона ба замин ба роҳ монда мешавад.

Дар ҷараёни машварат Сарвари давлат ахбороти раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои ҷумҳуриро оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъоварии ҳосили зироат, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ва дигар мавзӯоти мубрами рӯз бо воситаи телефон шунида, бобати беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар ҳамаи масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520