22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Давлатии Швейтсария Антонио Коттеро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин вазъи минтақаро муҳокима карданд.
Мусоҳибон ба иштироки фаъолтари кишварҳои муштарак, аз ҷумла Швейтсария дар раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон диққати калон доданд.