Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин
Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин 25-уми сентябри соли1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988, дар идораи савдои шаҳри Норак ба ҳайси борбардор фаъолияти кори худро оғоз намудааст.

Соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 51-ноҳияи Данғара ба ҳайси сарпешоҳанг кор карда, худи ҳамон сол ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Омӯзгории ш.Душанбе ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм кардааст.

Солҳои 1996-1998 ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 1998-2000 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст.

Солҳои 2000-2005 омӯзгорӣ калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ шуда кор карда, рисолаи номзадӣ ва докториро дар  Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Руссия, ш.Новосибрск солҳои 2005, 2013 дифоъ намудааст.

Солҳои 2006-2007 дотсенти кафедраи мазкур шуда фаъолият кардааст.

Солҳои 2007-2009  ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2009-2010 мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф, солҳои 2010-2014 сармутахассиси  Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм ва солҳои 2014-2015 сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм кор кардааст.

Аз соли 2015 инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи беш аз 50 мақолаҳои илмӣ, ду монография, 1 барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Доктори илмҳои биологӣ.  Бо «Ифтихорнама»-и Вазорати маориф (соли 2009) ва соли 2011 бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520