Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

02.12.2002 15:00, шаҳри Душанбе

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд Қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро имзо кард. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ", "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумрукӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ", "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи хизмати дипломатӣ", "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ", "Дар бораи ҳифзи иттилоот", "Дар бораи ёрии тиббӣ ба беморони рӯҳӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонки миллии Тоҷикистон" ва "Дар ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр" аз ҷумлаи онҳоянд.

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ин зумра шомиланд.

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" имзо намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" 2 майи соли 2001 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 12 ноябри соли 2002 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 5 боб ва 22 модда иборат буда, асосҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад ва ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амалӣ намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи хизмати дипломатӣ" имзо намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати дипломатӣ" 5 ноябри соли 2002 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 12 ноябри соли 2002 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 8 боб ва 31 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби ташкилу фаъолияти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳо, доираи фаъолият, сохтор, ҳайати кадрҳо ва тартиби адои хизмати дипломатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, ҳавасмандкунӣ, масъулият, кафолатҳо ва ҷубронкунӣ, инчунин доираи таъмини моддию иҷтимоии кормандон ва асосҳои қатъ гардидани хизмати дипломатиро муайян ва танзим менамояд.

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 28 июни соли 2002 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 12 ноябри соли 2002 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 15 боб ва 65 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, тартиб додани системаи буҷету гурӯҳбандии он, ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои марказонидашудаи маблағҳои пулиро муайян намуда, муносибатҳои байнибуҷетиро танзим мекунад. Ин Қонун ҳамчунин нақши мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, дигар иштирокчиёни раванди буҷетро дар бобати таҳия, баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, тасдиқу назорати иҷрои онҳо муқаррар ва ҷавобгариро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ пешбинӣ менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520