Нимаи якуми 9 декабр дар Қасри Сафед мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ИМА Ҷорҷ Буш баргузор гардид. Дар он Котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл, вазири мудофиаи ИМА Доналд Рамсфелд ва ёрдамчии Президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ Кондолиза Райс иштирок намуданд.
Дар ҷараёни сӯҳбат дурнамои муносибатҳои дуҷониба, рафти ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Мусоҳибон ба ҳамкории ду давлат дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус доданд.
Тарафи амрикоӣ омодагии худро ба дастгирии Тоҷикистон дар институтҳои молиявии байналмилалӣ, хусусан дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кард.
Муколамаи дуҷониба дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ИМА Ричард Чейни, ки баъд аз ин доир гардид, идома ёфт.