Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии - 2003

31.12.2002 22:00, шаҳри Душанбе

31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии - 2003 табрику муборакбод намуд.

Дар паёми табрикии Сарвари давлат аз ҷумла гуфта мешавад, ки соли 2002 ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соли бафайзу баракат, соли таҷлили санаҳои муҳим, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва афзудани нуфузу обрӯи мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ ворид хоҳад шуд.

Соли нави мелодии ҳазорсолаи сеюмро барои ҳар як фарди Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо, ҳамватанони азиз, саломатӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгорро орзумандам, – омадааст дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520