Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти сӯҳбат Роҳбари давлати мо бо нахуствазири Покистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд.
Дар хотимаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сиҳатмандиву комгорӣ дар иҷрои рисолати ӯ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст орзу намуд.
Сӯҳбат дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.