Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ

05.02.2017 18:02, Қатар

Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Дар Маркази Бунёди Қатар меҳмони олимақом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси иҷроияи Бунёди Қатар Шайха Ҳинд бинти Ҳамад истиқбол гирифта, бо фаъолияти марказ шинос намуданд.

Дар толори намоишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои Бунёди Қатар муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ин марказ намояндагии донишгоҳҳои бонуфузи 39 кишвари ҷаҳонро дар худ муттаҳид кардааст ва ба беш аз 5 ҳазор донишҷӯи давлатҳои хориҷ илмҳои замони муосир бо забони англисӣ омӯзонида мешавад.

Дар маҷмуъ ҳудуди Бунёди Қатар 15 миллион метри мураббаъро дар бар гирифта, дар он биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, китобхонаи муосир ва парки илмию технологӣ мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ намояндагиҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ифтитоҳ ёфтааст ва дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон намояндагони 29 давлати хориҷӣ таълим мегиранд. Таъсиси филиалҳо дар кишвари мо аз ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ будани таълиму тадрис дарак дода, бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

Баъди шиносоӣ бо шароити Бунёди Қатар дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассурот ва таманниёти нек дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

Сипас Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи санъати исломӣ дар шаҳри Давҳа ташриф оварданд.

Дар ин ҷо Сарвари давлатро Раиси иҷроияи осорхона Салим ал-Асвад самимона истиқбол гирифтанд.

Дар толорҳои осорхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ин маркази фарҳангӣ, таърихи ташаккули санъат ва тамаддуни исломӣ ошноӣ пайдо карданд.

Тавре маълум гардид, дар толорҳои осорхона, ки моҳи ноябри соли 2008 таъсис ёфтааст, нигораҳои қадиму нодир ҷамъ оварда шудааст ва ҳар яки он аз таърихи қадимаи инсоният шаҳодат медиҳад.

Намунаҳои нодири нақшу нигор ва хаттотӣ дар рӯйи санг, чуб ва дигар нигораҳо, ки бо хати форсӣ-дарӣ навишта шудааст, бештар диққати Сарвари давлатро ба худ ҷалб намуд. Мавҷуд будани ин дастхатҳо ва ҳунарҳои асили рассомону хаттотони машриқзамин аз таърихи деринаи робитаҳои дӯстию бародарии халқҳои осиёву кишварҳои араб шаҳодат медиҳад.

Дар толорҳои осорхона инчунин асбобу анҷоми рӯзғор, яроқу аслиҳаи гуногун, зарфҳо, ороишоти бо сангҳои қимматбаҳо сохташуда ба маъраз гузошта шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо нигораҳои осорхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба мамлакати дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520