Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор фармонҳо ва қарорҳо

25.01.2001 14:00, шаҳри Душанбе

25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд. Бо имзои фармони мазкур дар мавриди ташкил ва рушди хизмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ марҳилаи нав оғоз ёфта, барои пешрафти соҳа заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон акнун дар хизмати давлатӣ низоми муайян ба вуҷуд омада, ба танзими фаъолияти сохторҳои мақомоти давлатӣ бобати тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳо, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ имконияти васеъ пайдо гардид.

Дар асоси ин фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифт, ки дар мӯҳлати як моҳ оид ба Низомнома ва сохтори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи штатҳо, маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ ва ҷойгиркунонии он пешниҳод ирсол намуда, барои бо ин фармон мутобиқ гардондани санадҳои меъёрии амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешад.

Зарурати ташкили Раёсати хизмати давлатӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" бармеояд ва натиҷаи дастгирии иҷтимоию иқтисодии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъсиси мақоми мазкур иқдоми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат дар мавриди баланд бардоштани самаранокии фаъолият, нақши хизматчиёни давлатӣ дар идоракунии давлат буда, барои мавқеъ гирифтан дар ҷомеаи мутараққӣ, татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва идоракунии хизмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Амиров Р." имзо кард. Воқеан, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли ҷорӣ "Дар бораи мақоми давлатии зиддимонополӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки мақоми зиддимонополиеро таъсис диҳад, ки иҷрои қонунгузории зиддимонополӣ ва қонунгузориро дар соҳаи соҳибкорӣ таъмин намояд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдуд намудани фаъолияти монополӣ дар бозорҳои молӣ" ҳамчунин рушди соҳибкорӣ дар мамлакат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январ Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520