2 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сардори Намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор Тапио Саавалайнен мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи татбиқи лоиҳаҳои маблағгузорӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат ва дигар мавзуоти вобаста ба рушду тавсеаи робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор мавриди баррасӣ қарор гирифт.