10 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.
Дар он танҳо як масъала – натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷараёни татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат дар давоми соли 2000 ва вазифаҳои соли 2001 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар маҷлис инчунин силсилаи масъалаҳои марбут ба кадрҳо муҳокима гардиданд.