8 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи иди Қурбон ҳамаи сокинони Тоҷикистонро табрик кард.
Дар паёми Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст:
"Иди мубораки Қурбон чун рамзи дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқу миллатҳои ҷаҳони исломи фаро мерасад. Ин иди Саид моро ба муҳити хеле васеъ- тамаддуни фарҳанги ҷаҳони исломӣ мепайвандад, ки чӣ дар таърихи гузаштаву чӣ дар замони кунунӣ ва дар тамаддуни умумибашарӣ мақоми хосса дорад".
"Шуури мазҳабии миллат бояд барои таҳкими истиқлолияти давлат, тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва суботи сиёсии мамлакат мувофиқат намояд".